Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тартиби ширкати нозирон дар интихоботи порлумонӣ муайян шуд
Нашр шуд
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпусрии Тоҷикистон ҳамчунин гуруҳи кориро барои баррасии саривақтии дархосту шикоятҳо дар ҷараёни интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ таъсис дод.
Рӯзи 21 декабр таҳти роҳбарии Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ҷаласа бо қарори дахлдори комиссия барои мусоидат ва татбиқи дурусти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихобот намуна ва шакли санадҳо барои баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тасвиб шуд.
Дар баробари ин барои мусоидат ба фаъолияти муназзам ва мутобиқ ба қонунгузории Тоҷикистон дар ҷаласа муқаррароти пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Аз сӯи дигар дар ин ҷаласа бо мақсади баррасии саривақтии арзу шикоятҳо дар раванди интихобот гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ташкил гардид.
Ҳамчунин барои риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории интихобот барои раисони комиссияҳои интихоботӣ Роҳнамои тартиби ҳисобкунии овозҳои раъйдиҳандагон дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ ва тасвиб шуд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумон, инчунин мақомоти намояндагии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи аъзои палатаи болоии парламент - Маҷлиси миллӣ рӯзи 28 марти соли оянда баргузор мегардад.
Интихоботи қаблии парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 баргузор шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед