Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон зинаи севуми таҳсил ҳатмӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон зинаи севуми таҳсил ҳатмӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон зинаи севуми таҳсил ҳатмӣ мешавад

Нашр шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 20-уми феврал лоиҳаи тағйирот ба Қонуни маорифро тасвиб карданд. Тибқи ин ислоҳот дар низоми омӯзишу парвариши Тоҷикистон дар баробари зинаи таҳсили умумии асосӣ (синфи 9) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) зинаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ё худ ҳунаристонҳо ҷорӣ мешавад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад.

Зариф Ализода, намояндаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар парлумон гуфт, ки тибқи ин тағйирот шаҳрвандон уҳдадор мешаванд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ (синфи 9) таълимро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 9-11) ё мувофиқи хоҳиш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ ё худ ҳунаристонҳо идома диҳанд.

Ҳамзамон, тибқи тағйироти пешниҳодшуда дар баробари кафолати таълими умумии асосии ҳатмии ройгон давлат ба шаҳрвандони Тоҷикистон таълими миёнаи умумии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Аз сӯйи дигар Раҳим Саидзода, вазири илму маорифи Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки бо ҳатмӣ гардонидани таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11)  масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 ҳазору 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад.

Вай дар идома афзуд, ки бо ҳатмӣ шудани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гирифта мешавад.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар Тоҷикистон соли 2023 ноболиғон 474 ҷиноят содир карданд, ки тибқи таҳлилҳо  аз 551 нафар ноболиғи ҷинояткор 436 нафари онҳо (79,1%) ноболиғони дурмонда аз кор ва таҳсил ҳастанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар низоми маорифи Тоҷикистон таҳсили кӯдакон  танҳо дар зинаи таҳсили умумии асосӣ (синфи 1- 9) ҳатмӣ аст.

Кунун дар Тоҷикистон наздики 4 ҳазор  муассисаи таҳсилоти миёни умумӣ  фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 2,2 милён нафар донишомӯз таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед