Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тошканд ҳар моҳ як рӯз аз истифодаи худрав дар даст мекашанд
Нашр шуд
Мирзиёев аз пешниҳоди фаъолони ҳифзи муҳити зисти Узбекистон дар бораи ҳар моҳ баргузории "Рӯзи бидуни худрав" пуштибонӣ кард.
Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон аз пешниҳоди фаъолони ҳифзи муҳити зист дар бораи дар Тошканд ҳар моҳ як маротиба баргузор кардани “Рӯзи бидуни худрав” ҳимоят кард. Дар ин бора gazeta.uz хабар дод.
Интизор меравад, ки маҳдудияти якрӯзаи истифодаи худрав сифати ҳаво дар шаҳри Тошкандро беҳтар кунад. Ин ташаббус дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии татбиқи стратегияи “Узбекистон-2030” дар “Соли пуштибонии ҷавонон ва соҳибкорӣ” амалӣ мешавад.
Ташаббуси маҳдуд кардани шумораи худравҳо дар кӯчаҳои Тошканд ба мусофирбарҳо ва ҳамчунин мошинҳои махсус ва ёрии таъҷилӣ рабт намегирад. Қарор шуд, ки чунин маърака дар як рӯзи корӣ ҳар моҳ баргузор шавад.
Дар баробари ин кормандони мақомоти ниҳодҳои давлатӣ дар ин рӯз бояд ҳатман бо мусофирбарҳо ба маҳали кор ҳозир шаванд.
Дар чаҳорчӯби муқобила бо тӯфони чангу ғубор дар Узбекистон аз 1-уми марти соли 2024 дар шаҳри Тошканд ҳаракати боркашҳо бо вазни аз даҳ тон зиёдтар дар соатҳои сарборӣ манъ карда мешавад.
Дар баробари ин то соли 2030 дар маркази вилоятҳои Узбекистон баҳрагирӣ аз худравҳое, ки ба стандарти ЕВРО-5 посухгӯ нестанд, тадриҷан мамнуъ хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби амалисозии “неруи сабз” дар назар аст, ки то охири сол дар Узбекистон 6 неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 2700 МВт ба баҳрабардорӣ расад.
Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи «Фазои сабз» дар соли 2024 дар ин кишвар камаш 200 милён ниҳоли дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шуда, 444 боғ бунёд карда мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед