Ru  | Tj
Дар Тошканд барои сафоратхонаи Тоҷикистон бинои нав месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тошканд барои сафоратхонаи Тоҷикистон бинои нав месозанд
Акс: Sputnik

Дар Тошканд барои сафоратхонаи Тоҷикистон бинои нав месозанд

Нашр шуд

Дар пойтахти Ӯзбекистон корҳои сохту сози маҷмааи нави биноҳои Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон оғоз ёфт, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин  ва Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 8-уми декабр дар Тошканд  ба корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи биноҳои Сафорати  Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.

Вазорат гуфтааст, маҷмааи биноҳои Сафорат дар масоҳати 1,40 гектар бунёд мегардад ва бар асоси лоиҳа аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои дипломатҳо, толори зиёфат ва  маҷлисгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст. 

Бояд гуфт, ки муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 барқарор шуда, пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, Президенти кунунии ин кишвар равобити Душанбеву Тошканд ба сатҳи нав баромад.  

Айни замон миёни ду кишвар беш аз 200 созишнома ва шартнома ба имзо расидааст ва муҳимтарини онҳо Шартномаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи шарикии стратегӣ мебошад, ки моҳи августи соли 2018 имзо шудааст.


Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед