Ru  | Tj
Дар Турсунзода барои ҷавонон парки технологии "Кванториум" ифтитоҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Турсунзода барои ҷавонон парки технологии "Кванториум" ифтитоҳ ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Турсунзода барои ҷавонон парки технологии "Кванториум" ифтитоҳ ёфт

Нашр шуд

Дар заминаи мактаби тоҷикӣ-русии ба номи Менделеев дар шаҳри Турсунзода барои ҷавонон технопарки «Кванториум» кушода шуд.

Тибқи иттилои масъулони ин муассисаи таълимӣ, омӯзиш дар озмоишгоҳи нав дар самтҳои дахлдори тадқиқотӣ ва муҳандисию техникӣ сурат мегирад. Дар байни онҳо - робототехника, физика, химияи амалӣ ва биология, инчунин технологияҳои VR/AR, идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва инчунин равандҳои расонаӣ таълим дода мешавад.

Бояд гуфт, ки технопаркҳои "Кванториум" алакай дар ҳамаи 5 мактаби русии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Душанбе кушода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки технопарки кӯдаконаи «Кванториум» як муҳити беназир барои рушди босуръати кӯдак дар соҳаҳои муосири тадқиқотӣ ва муҳандисӣ мебошад, ки бо таҷҳизоти технологии муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Ба гуфтаи коршинос, кӯдакон дар чунин технопарк на танҳо таҳсилоти муҳандисӣ мегиранд, балки фаъолияти лоиҳавӣ, назарияҳои ҳалли вазифаҳои ихтироъкорӣ, 4K-салоҳиятҳо ё худ муошират, эҷодкорӣ, ҳалли дастаҷамъонаи вазифаҳои лоиҳа ва тафаккури интиқодиро меомӯзанд.

Гуфтанист, фаъолияти шабакаи технопаркҳои кӯдаконаи "Кванториум" бо дастгирии Вазорати маорифи Федератсияи Русия амалӣ мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед