Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Узбекистон ба мардон ҳангоми фарзанддор шудан рухсатӣ хоҳанд дод
Нашр шуд
Дар палатаи поёнии парлумони Узбекистон лоиҳаи қонуне баррасӣ шуд, ки тибқи он ба мардон ҳангоми таваллуди кӯдак рухсатии кӯтоҳмуддати музднок дода мешавад, то онҳо ба ҳамсари худ кумак расонанд.
Дар лоиҳаи қонун барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси меҳнати Узбекистон, қоидаҳои додани рухсатии кӯтоҳмуддат ба мардони коргар ҳангоми таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст. Дар ин бора вакили порлумони Узбекистон, Нодир Тилаволдиев хабар додааст.
Илова бар ин, лоиҳаи тағйирот ба Кодекси меҳнат усулҳои баробарҳуқуқӣ дар кор, манъи табъиз, фишор ва зӯроварӣ дар соҳаи меҳнатро такмил медиҳад. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, корфармо метавонад кормандеро, ки нисбат ба ҳамкораш фишор, зӯроварӣ ва таҳдид кардааст ба кори дигар гузаронад ё аз кор озод кунад.
Инчунин шахсоне, ки аз хушунати оилавӣ (маишӣ) зарар дидаанд, ба рӯйхати қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дохил шуда, давлат ба онҳо таъминот бо шуғлро кафолат медиҳад.

"Интизор меравад, ки ба мардони коргар имкони рухсатии кӯтоҳмуддати 5-рӯза дар давоми моҳ барои кумак ба ҳамсари худ ва нигоҳубини фарзандони дигар дода шавад", - шарҳ дод вакили парлумон.Гуфта мешавад, ки то кунун чунин рухсатӣ дар қонунгузории Узбекистон пешбинӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, мардон дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва оилавӣ ба мушкилот дучор мешуданд ва ё маҷбур буданд, ки аз ҳисоби худ рухсатӣ гиранд.
Илова бар ин, лоиҳаи тағйирот ба Кодекси меҳнат усулҳои баробарҳуқуқӣ дар кор, манъи табъиз, фишор ва зӯроварӣ дар соҳаи меҳнатро такмил медиҳад. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, корфармо метавонад кормандеро, ки нисбат ба ҳамкораш фишор, зӯроварӣ ва таҳдид кардааст ба кори дигар гузаронад ё аз кор озод кунад.
Инчунин шахсоне, ки аз хушунати оилавӣ (маишӣ) зарар дидаанд, ба рӯйхати қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дохил шуда, давлат ба онҳо таъминот бо шуғлро кафолат медиҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед