Ru  | Tj
Дар Узбекистон фурӯши тамоку ва машрубот ба ашхоси то 21-сола манъ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Узбекистон фурӯши тамоку ва машрубот ба ашхоси то 21-сола манъ шуд
Акс: primorsknews.ru

Дар Узбекистон фурӯши тамоку ва машрубот ба ашхоси то 21-сола манъ шуд

Нашр шуд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон қонунеро имзо кард, ки фурӯши машрубот ва тамокуро ба шахсони то 21-сола маҳдуд мекунад. Ин санад рӯзи 25-уми май расонаӣ шуд ва баъд аз се моҳ эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Қонун манъи фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку, дастгоҳҳои истифодаи тамоку ва никотинро ба ашхоси то 21-сола (қаблан ҳадди маҳдудият 20-сола буд) ва фурӯшандагоне, ки ба ҳамин синну сол нарасидаанд, пешбинӣ мекунад. Бояд гуфт, ки қаблан барои фурӯшандагон маҳдудияти синну сол вуҷуд надошт.

Дар қонун ҳамчунин омадааст, ки фурӯшандаи машрубот, тамоку ва дастгоҳҳои истифодаи тамоку ва никотин муваззаф аст аз харидоре, ки аз 21-сола ба назар хурдтар аст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва синну солашро талаб карда, дар сурати набудани ҳуҷҷат аз фурӯхтани мол ба ӯ даст кашад.

Инчунин тибқи қонун машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамокуро бидуни огоҳӣ дар бораи зарари онҳо фурӯхтан мумкин нест.

Илова бар ин ба муассисаҳои савдои чакана дар масофаи камтар аз 100 метр аз муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва динӣ фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку мамнуъ аст.

Дар баробари ин тибқи муқаррароти ин қонун фурӯши машрубот дар зарфҳои бе тамғакоғаз, ифлос, бо аломатҳои ошкори осеб ва бастаҳои вайроншуда мумкин нест. Дар баробари ин фурӯши машруботи спиртӣ аз нархи ҳадди ақали яклухт ва чакана пасттар низ манъ шудааст.

Ҳамзамон дар ин санади ҳуқуқӣ рӯйхати маконҳои ҷамъиятӣ, ки дар он истифодаи маҳсулоти тамоку ва истифодаи дастгоҳҳои истифодаи тамоку ва никотин манъ шудааст, зиёд гардид.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Узбакистон тарҳи қароре нашр шуда буд, ки бар асоси он аз 1-уми июни соли равон қимати ҳадди ақали маҳсулоти алкоголӣ ва шароб дар Узбакистон боло бурда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед