Ru  | Tj
Дар Узбекистон комиссияи коҳиши камбизоатӣ таъсис дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Узбекистон комиссияи коҳиши камбизоатӣ таъсис дода мешавад
Акс: kun.uz

Дар Узбекистон комиссияи коҳиши камбизоатӣ таъсис дода мешавад

Нашр шуд

Бо роҳбарии муовини сарвазири Узбекистон дар ин кишвар комиссияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон зимни як ҷаласа хабар дод, навиштааст сомонаи kun.uz.

Ин манбаъ менависад, ки раҳбари Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба симати  муовини раиси ин комиссия таъйин мешавад.

Инчунин раҳбарони комиссияҳо дар вилояту ноҳияҳои Узбекистон аз сӯи ҳокимони маҳалӣ мансуб мешаванд.

Комиссия коҳиши камбизоатӣ ҳар ҳафта кори як ноҳия дар як вилоятро баррасӣ ва ба фаъолияти раҳбарони таъйиншуда баҳо медиҳад. Дар бораи рафти иҷрои нақшаҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҳар моҳ ба раисҷумҳури Узбекистон гузориш дода мешавад.

Илова бар ин, 9 маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва донишгоҳҳо низ дар заминаи коҳиши камбизоатӣ дар асоси равишҳои илмӣ кор хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки Шавкат Мирзиёев ахиран зимни як ҳамоиш гуфт, ки кишвараш таҷрибаи муваффақи мубориза бо камбизоатиро бо истифода аз “равишҳои пешрафтаи хориҷӣ” касб кардааст.

Дар ин замина таъкид шуд, ки дар натиҷаи истифодаи равишҳои нав дар Узбекистон беш аз 2 миллиону 300 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд, занон, пиронсолони танҳо ва маъюбон бо ҳимояи кафолатноки иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2017 чор баробар зиёд аст.

Инчунин зикр шуд, ки дар се соли охир дар Узбекистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз 27 то 74 дарсад афзуда, сатҳи камбизоатӣ дар байни кӯдакон аз 22 то 14 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфт, ки дар кишвараш дастгирии густурда ба қишрҳои ниёзманд идома ёфта, дар се соли оянда сатҳи камбизоатӣ то 7 дарсад коҳиш дода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед