Ru  | Tj
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегардад
Акс: Mezon

Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегардад

Нашр шуд

Дар доираи Фестивали XIV-и байналмилалии кинои Тошканд дар пойтахти Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон доир мешавад.

Ба иттилои "Тоҷикфилм",  дар ин рӯзҳо ба тамошобинони узбек чанд филми ҳунарӣ ва мустанади тавлиди ин муассисаи давлатӣ, аз ҷумла «Охирин сайди сайёд», «Роҳ», «Додараки фариштаҳо», «Масири ҳамдилӣ-СҲШ» ва «Се рӯзи як баҳор» намоиш дода мешаванд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон бастани қарордод оид ба шурӯи истеҳсоли филми ҳунарию таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар назар аст.

Дар ин баробар, интизор меравад, ки "Тоҷикфилм" ҷиҳати таҳияи филми ҳунарии муштараки «Норак» бо Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм» ва барои сохтани филми тасвирии «Бабри барфӣ» бо киностудияи «Лендок» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Фестивали XIV-и байналмилалии кинои Тошканд таҳти унвони «Дурдонаҳои роҳи абрешим» аз 13 то 18-уми сентябр баргузор мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки таҳияи филми ҳунарию таърихии муштарак доир ба дӯстии халқҳои тоҷику узбек дар симои абармардони олами ирфон - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиëев пешниҳод намуда буданд.



Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд: Баргузории “Фестивали атласу адрас – 2021” дар Душан








Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед