Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Вена масъалаи татбиқи лоиҳаҳои UNIDO дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ гардид
Нашр шуд
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода як рӯз қабл дар Вена бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) ҷаноби Ли Йонг дидор намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи Конфронси Вена оид ба муҳоҷират дар мавзӯи “Бознигарии сиёсати муҳоҷират: чолишҳо, имконот ва стратегияҳо” сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои созмони мазкурро дар қаламрави кишвар муҳокима намуда, ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва UNIDO изҳори ризоят намудаанд.
Рӯзи 19-уми октябр Шерализода дар Конфронси Вена дар доираи мавзӯи авлавиятҳои кунунӣ ва ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъият дар Афғонистон баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъияти кунунӣ баррасӣ кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед