Ru  | Tj
Дар вилояти Бадахшон нерӯгоҳи нави обӣ бунёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар вилояти Бадахшон нерӯгоҳи нави обӣ бунёд мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар вилояти Бадахшон нерӯгоҳи нави обӣ бунёд мешавад

Нашр шуд

Таҳияи лоиҳаи фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи обии "Чарсем" дар Бадахшон оғоз мешавад.

Миёни ширкати “Помир Энерҷӣ” ва ширкати машваратии “Gruner Stucky” (Швейтсария) дар заминаи таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии “Чарсем” дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ қарордод ба имзо расид. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, нерӯгоҳи барқи обии “Чарсем” дар рӯди Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд.

Таъкид мешавад, ки нерӯгоҳи обии “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи барқии ноҳияи Мурғоб, ки ҳоло ҷудо аст,  замина фароҳам меорад.

Хотиррасон мекунем, ки ахиран ширкати “Помир Энерҷӣ” хабар дод, ки амалисозии лоиҳаи “Барқрасонӣ ба деҳоти Тоҷикистон" дар ҳудуди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилояти Бадахшон бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Аксарияти ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд.

“Помир Энерҷӣ” ният дорад, ки то охири соли 2024 ҳафт нерӯгоҳи барқии офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта ба истифода диҳад.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Мурғоб  минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи то 150-200 км дурӣ  ҷойгиранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед