Ru  | Tj
Дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар  вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид
Акс: Интернет

Дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид

Нашр шуд

Дар ярмаркаи мазкур ба шаҳрвандон 371 ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардидааст.

Тавре Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 3-юми марти соли равон бо мақсади ҷалби аҳолии бекор ба шуғл дар коргоҳҳои саноатӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва мансабҳои озод баргузор гардидааст.

Ярмарка дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳо рушди саноат" баргузор гардида, он бо иқдоми раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки 287 ҷойҳои кории холиро Маҷмааи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил”, 13 ҷойи кориро Корхонаи пойафзол “Чарм”, 10 ҷойҳои холии шуғлро Корхонаи истеҳсоли мебел, 50 ҷойи кориро ҶДММ "Нассоҷии тоҷик", инчунин 15 ҷойи холии шуғлро Маркази саломатӣ ба иштирокчиёни ярмарка пешниҳод намудаанд.

Дар ярмарка дар маҷмӯъ 500 нафар ширкат варзидааст, ки ба 204 нафари онҳо хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шудааст.

Қайд менамоем, ки Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ эълом дошта буд, ки дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 189 ҷойи кории нав таъсис ёфта, аз он 70295 ҷойҳои кории доимӣ, 73327 ҷойҳои кории муваққатӣ ва 38623 ҷойҳои кории мавсимиро ташкил додаанд. 



Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед