Ru  | Tj
Дар вилояти Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар вилояти Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ менамоянд
Акс: Интернет

Дар вилояти Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ менамоянд

Нашр шуд

Дар вилояти Суғд тибқи қарори раиси вилоят ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамсарони бепарастор мондаи сарбозони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба маблағи 4000 сомонӣ (ба ҳар як оила) ва ба шахсони дар ақибгоҳ хизматнамуда ба маблағи 2000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта тақдим карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти дафтари матбуоти раиси вилоят шумораи умумии иштирокчиёни набардҳои ҷанг ҷавонтарини онҳо 95-сола ва солдидатаринашон 102-сола буда, ду нафарашон ба синни 100 расидаанд. Инҳо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Иброҳимов Мирзоалӣ ва шаҳри Панҷакент Саид Буриев мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд ҳамагӣ 30 нафар (2020-47) иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945, 1 нафар ҳамсари бесаробонмонда ва 191 нафар (2020-283) шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда боқӣ мондаанд.

Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед