Ru  | Tj
Дар ВКД-и Русия низомномаи назорат аз болои корфармоёни муҳоҷирон коркард шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ВКД-и Русия низомномаи назорат аз болои корфармоёни муҳоҷирон коркард шуд
Акс: Интернет

Дар ВКД-и Русия низомномаи назорат аз болои корфармоёни муҳоҷирон коркард шуд

Нашр шуд

Тибқи низомномаи пешбинишуда муассисаҳои дахлдор ҳуқуқ доранд, ки барои муайян намудани будубоши қонунии муҳоҷирон дар ҳудуди Русия ва риояи тартиби муқарраршудаи шуғли онҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро дархост кунанд.

"Мавзӯи назорати давлатӣ аз он иборат аст, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ риояи қоидаҳои будубош, истиқомат, ҳаракати транзитӣ дар ҳудуди Русия аз ҷониби онҳо ва амалишавии фаъолияти меҳнатии онҳоро ба инобат гиранд”, - омадааст дар ҳуҷҷат.

Аз лоиҳаи фармони нав бармеояд, ки барои муайян намудани будубоши қонунии муҳоҷирон дар ФР ва риоя гардидани талаботи муқарраршуда ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби онҳо кормандони дахлдор тибқи нақша ва берун аз он ҳуқуқ доранд аз онҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро талаб кунанд. Ғайр аз ин, ба масъулон иҷозат дода шудааст, ки оид ба вайрон шудани ҳуқуқҳои маъмурӣ, дар робита ба халалдор гардидани талаботи ҳатмии қонунгузории муҳоҷират протокол тартиб дода шавад.

“Ҳангоми гузаронидани санҷиш шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби маъмурӣ ва (ё) судӣ мутобиқ ба қонунгузории Федератсияи Русия аз амалҳои (амал накардани) шахсони масъул шикоят кунанд”,-навишта шудааст дар ҳуҷҷати мазкур.

Ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ надоранд дар соҳаи муҳоҷират ба раванди санҷиш аз ҷониби кормандони ВКД халал эҷод кунанд ва ё аз санҷиш саркашӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанд муддат пеш ВКД-и Русия ба қоидаи будубоши хориҷиён дар кишвари мазкур тағйирот ворид намуда буд. Ба ҳамин минвол, ниҳоди зикршуда 3 режими будубоши муҳоҷиронро пешниҳод кард:

-кӯтоҳмуддат - на бештар аз 90 рӯзи тақвими солона;

-дарозмуддат - беш аз 90 рӯзи тақвими солона бе гирифтани иҷозат оид ба зисти доимӣ;

-Зисти доимӣ (бемӯҳлат).




ВКД-и Русия: Иҷозатнома барои истиқомати муваққатии хориҷиён бекор карда шавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед