Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар ВМКБ ду пойгоҳи нави рақамии зилзиласанҷӣ насб шуд
Нашр шуд
Қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи зилзилахез буда, солона даҳҳо заминҷунбӣ дар ҳудуди ин вилоят ба қайд гирифта мешавад. Танҳо шаби 18 сентябр дар қаламрави ин вилоят се заминларза рух дод.
Аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 пойгоҳи зилзиласанҷӣ (Сарез ва Мурғоб) ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи зилзиласанҷӣ (Манем, ш. Хоруғ) навсозӣ гардид.
Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ рақамӣ буда, ҳар як пойгоҳ ду таҷҳизоти ҳасос (датчик) дорад. Яке аз таҷҳизоти мазкур сейсмометр буда, суръати мавҷи заминларзаро сабт менамояд.
Таҷҳизоти дигар аксилерометр ном дошта, шитобнокии заминалрзаро чен мекунад.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, афзалиятҳои пойгоҳҳои сейсмикии номбурда дар он аст, ки иттилоот ба онҳо мунтазам бо тариқи онлайн ворид мегардад, ки ин барои коркарди фаврии иттилоот мусоидат менамояд.
Пойгоҳҳои сейсмикии номбурда аз ҷониби худи ходимони илмӣ ва муҳандисони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Девонашоев Азиз ва Қосимов Эркин насб гардида, аввалин иттилоот аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикии нав ба тариқи онлайн ба пажуҳишгоҳ ворид гардиданд.
Таъкид мешавад, ки пойгоҳҳои сейсмикӣ бо таҷҳизоти муосири рақамӣ дар чоҳорчӯбаи лоиҳаи “Васлшавии шабакаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Тоҷикистон насб гардидаанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед