Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар ВМКБ навсозии зерсохтори энергетикӣ идома дорад
Нашр шуд
Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯгоҳи барқи обии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Тибқи иттилои ширкати "Помир энерҷӣ", дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатҳои интиқоли барқи 10 кВ, ки солҳои хеле пеш сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, навсозӣ мешаванд.
Дар ин замина аз деҳаи Ширговад то деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз ба масофаи 23 км ба пуррагӣ хатҳои интиқоли барқ ба хатҳои 35 кВ иваз карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин самт дар қитъаи мазкур 15 трансформатори 35/0,4 кВ насб гардида, дар умум 424 хонаводаи ин ноҳия бо барқи хушсифат таъмин гардиданд.
Дар баробари ин, айни замон сохтмони хати интиқоли барқ боз ба масофаи 15 км аз деҳаи Нулванд то деҳаи Роғаки ноҳияи Дарвоз идома ёфта дошта, ки тибқи нақша моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон ширкати "Помир энерҷӣ" иттилоъ медиҳад, ки дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Ёгед» бо иқтидори 275 кВт идома дошта, анҷоми корҳои он то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтан, нерӯгоҳи мазкур ба шабакаи умумии барқи ВМКБ пайваст гардида, дар натиҷа сатҳи таъминоти сокинони маҳаллӣ бо нерӯи барқ беҳтар мегардад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед