Ru  | Tj
Дар як соли охир ба Афғонистон 100 нафар сармоягузори хориҷӣ омадааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар як соли охир ба Афғонистон 100 нафар сармоягузори хориҷӣ омадааст
Акс: akharinkhabar.ir

Дар як соли охир ба Афғонистон 100 нафар сармоягузори хориҷӣ омадааст

Нашр шуд

Вазорати саноат ва савдои ҳукумати Толибон* мегӯяд, ки дар соли 1401 хуршедӣ (21/03/22 то 21/03/23) дастикам сад сармоягузори хориҷӣ ба ҳадафи сармоягузорӣ ба Афғонистон омад. Онҳо вазъи сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва истихроҷи маъданро дар кишвар баррасӣ карданд. Дар ин бора шабакаи хабарии «TOLONews» хабар медиҳад.

Қудратуллоҳ Ҷамол, муовини вазири саноат ва савдои Толибон дар ин замина гуфт, «бори аввал дар фурудгоҳи Кобул «мизи хидматрасонӣ» таъсис шуд, ки тавассути он хадамоти раводид ва дигар хидматҳои зарурӣ ироа мешавад ва соли гузашта ҳудуди 100 сармоягузори хориҷӣ тавассути ин маркази хадамотрасонӣ раводид гирифтаанд».

Бар асоси иттилои ин вазорат, барои афзоиши содирот ва меъёрсозии он дар Кобул ва бархе аз вилоятҳои Афғонистон панҷ марказ барои афзоиши содирот таъсис мешавад.

Ҳамчунин Охундзода Абдулсалом Ҷавод, сухангӯйи Вазорати саноат ва савдои Толибон гуфт, ки 8 ҳазор зани соҳибкор дар бахшҳои гуногун, бахусус ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон Вазорати саноат ва савдои Толибон иттилоъ дод, ки дар як соли ахир беш аз панҷ ҳазор иҷозатнома дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ ва ҳафт ҳазор шиносномаи тиҷорӣ ба соҳибкорон содир шудааст.

Бар асоси омори ин вазорат, дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар 50 бахш худкифо шуда, ҳаҷми содироти ин кишвар ба 2 миллиард доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 1400-и хуршедӣ 135% афзоишро нишон медиҳад.


*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед