Ru  | Tj
Дар Ӯзбекистон 17,4 ҳазор мансабдор ихтисор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон 17,4 ҳазор мансабдор ихтисор мешавад
Акс: podrobno.uz

Дар Ӯзбекистон 17,4 ҳазор мансабдор ихтисор мешавад

Нашр шуд

Хабаргузории nuz.uz менависад, ки Шавкат Мирзиёев, кишвардори Ӯзбекистон рӯзи 25-уми январ дар бораи ихтисори воҳидҳои корӣ дар идораҳои давлатиро фармон имзо кард, ки шумораи кормандони вазорату идораҳои Ӯзбекистон 24 дарсад кам карда шавад.

Ин манбаъ менависад, ки тиқби фармони мазкур 17447 воҳиди кории кадрҳои роҳбарикунанда, ки корашон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ пардохт мешавад, ихтисор карда мешавад.

Дар фармони мазкури кишвардори Ӯзбекистон махсус ба кам кардани шумораи муовинони раҳбарони вазорату ниҳодҳои давлатӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла аз 207 мансабдоре, ки феълан дар ҳайати сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, 63 нафар ё 30 дарсад аз вазифа озод карда мешаванд ва танҳо 144 муовин боқӣ мемонад. Бар асоси ин фармон шумораи умумии кормандони вазорату идораҳои давлатии Ӯзбекистон 56 ҳазору 573 нафар муқаррар карда шудааст.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки дар натиҷаи тадбири мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ 703 худрав (мошин) ва 10 бино озод мешавад. Инчунин аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ 1,5 триллион сӯм ва кам кардани шумораи мошинҳои хидматӣ боз 70 миллиард сӯм сарфа мешавад.

Ҳамчунин бо фармони кишвардори Ӯзбекистон феҳристи ягонаи вазорату идораҳои тобеъи ҳукумати ин кишвар тасдиқ шудааст. Дар Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 69 мақомоти давлатӣ, аз ҷумла 21 вазоратхона, 12 кумита, (2 кумитаи мустақил), 25 ожонс (3 мустақил) ва 11 бозрасӣ фаъолият хоҳанд кард.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед