Ru  | Tj
Дар Ӯзбекистон 1 миллион метри мураббаъ бино ва иншоот ба фурӯш гузошта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон 1 миллион метри мураббаъ бино ва иншоот ба фурӯш гузошта мешавад
Акс: fergana.agency

Дар Ӯзбекистон 1 миллион метри мураббаъ бино ва иншоот ба фурӯш гузошта мешавад

Нашр шуд

Раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 24-уми март бо имзои фармоне барномаи нави хусусигардонӣ дар ин кишварро тасдиқ кард, ки дар доираи он саҳмияҳои 1000 корхона ва инчунин 1000 иншооти амволи ғайриманқул ба фурӯш гузошта мешавад.

Тавре ки пойгоҳи хабарии Podrobno.uz хабар медиҳад, барномаи мазкур дар се самт: фурӯши саҳмияҳо, амволи ғайриманқул ва фурӯши саҳмияҳои корхонаҳои бузург миёни мардум амалӣ мегардад.

Таъкид мешавад, ки нахуст саҳмияҳои давлати Ӯзбекистон дар 1000 корхона ба фурӯш гузошта мешавад. Баъдан ҳазор иншооти амволи ғайриманқул ба музоядаи оммавӣ гузошта мешавад. Ин иншоот дар майдони 600 гектар замин ҷойгир буда, масоҳати умумии биноҳо 1 миллион метри мураббаъ мебошад. Муҳимтар аз ҳама онҳо бо зерсохтҳои зарурӣ таъмин буда, дар наздикии маҳаллаҳои аҳолиниш ҷойгир шудаанд.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки дар марҳилаи сеюм саҳми давлат дар 40 корхонаву бонкҳои бузург тавассути фурӯши мустақими саҳмияҳо ба мардум амалӣ мешавад. Хусусан, барои аҳоли саҳмияҳои ширкатҳои металлургӣ-кӯҳии Навоӣ ва Олмалиқ, «Ӯзтелеком», Бонки миллӣ ва «Саноатқурилишбанк» пешниҳод карда мешавад.

Ширкатҳое, ки саҳмияҳояшон аз сӯйи аҳолӣ ба даст оварда шудаанд, на камтар аз 30 дарсади фоидаи софи худро барои пардохти худи саҳмияҳо дар тӯли панҷ сол харҷ мекунанд.

Тибқи ҳисобҳо, ин барнома соли ҷорӣ ба буҷаи Ӯзбекистон воридоти 13 триллион сӯм (беш аз 1 млрд) даромадро таъмин намуда, инчунин ба бунёди 3 ҳазор корхонаи нав ва таъсиси 50 ҳазор ҷойи корӣ мусоидат мекунад.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки самаранокии иношоот ва корхонаҳои хусусигардондашуда дар Ӯзбекистон ба маротиб афзудааст.

Барои мисол дар заминаи Корхонаи таҷрибавии Андиҷон, ки солҳои тӯлонӣ ғайрифаъол буд, бо сармояи 18 миллион доллар корхонаи нассоҷӣ ташкил шуд. Дар натиҷа ҳазор нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, ба маблағи 40 миллион доллар маҳсулот ба хориҷ содир карда шуд.

Ҳамчунин сармоягузори хориҷӣ корхонаи суперфосфати Қӯқандро харида, бо сармояи 40 миллион доллар истеҳсолотро 4 баробар афзоиш дод. Гуфта мешавад, ки аз ҷумлаи бузургтарин муомилоти солҳои ахир дар Ӯзбекистон фурӯши саҳмияҳои давлатии «Ипотека-бонк» ба маблағи 324 миллион доллар ва ширкати «Coca-Cola Uzbekistan» ба 252 миллион доллар маҳсуб мешавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед