Ru  | Tj
Дар Ӯзбекистон силсилаи китобҳои адибони маъруфи тоҷик ба табъ расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон силсилаи китобҳои адибони маъруфи тоҷик ба табъ расид
Акс: Zaman.uz

Дар Ӯзбекистон силсилаи китобҳои адибони маъруфи тоҷик ба табъ расид

Нашр шуд

Бо ташаббуси Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон силсилаи китобҳои шоирони маъруфи тоҷик мунташир шуд.

Ба навиштаи ҳафтаномаи "Адабиëт ва санъат" китоби аввали ин силсила  "Чароғи абадӣ"-и Мирзо Турсунзода аст, ки гулчини ашъори шоир ва навиштаҳои шогирдону пасовандони ӯро дар сифати шахсият ва осори пурарзиши вай дар бар гирифтааст.

Гуфта мешавад, китоби дуюми ин силсила "Ман намемирам" ном дорад ва ба ҳаëту фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст.

Ҳамчунин, зери унвони "Шабогард" китоби дигаре чоп шудааст, ки шомили ашъори шоири тоҷикзабони муқими Ӯзбекистон Пазмон мебошад.

Манбаъ меафзояд, чопи силсилаи мазкур ба тарғибу тарвиҷи забону адаби тоҷик миëни тоҷикони Ӯзбекистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир ҳамкориҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври густарда рушд меëбанд. Аз ҷумла, қаблан итттилоъ дода шуда буд, ки синамогарони ду кишвар филми ҳунарии муштараке дар бораи рӯзгори шоирони классик Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ рӯи навор меоранд.


Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед