Ru  | Tj
Даргузашти падари Президент Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даргузашти падари Президент Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон
Акс: сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даргузашти падари Президент Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон

Нашр шуд

Чӣ гунае, ки сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич,

Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо — Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фаромед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”


Эмгузаронӣ дар Туркманистон оғоз мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед