Ru  | Tj
Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия
Акс: Интернет

Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия

Нашр шуд

Ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад Мӯсоев аз сактаи қалб вафот кард.

Ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев шаби 15-уми май аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ дирӯз дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Бино ба гуфти наздиконаш, Назирмад Мӯсоев дар студияи телевизиони “Синамо” ҳини дубляжи филм бар асари сактаи қалб даргузаштааст. Аммо то ҳанӯз ба марги ҳунарпеша маълумоти расмӣ пешниҳод нагардидааст.

Назирмад Мӯсоев дар собиқ ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамаданӣ) ба дунё омада, пас аз итмоми таҳсил дар  ВГИК-и шаҳри Москва дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон  нақш офаридааст.

Ӯ дар тӯли тамоми фаъолияти меҳнатиаш дар  Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба сифати бозингар кор мекард ва дар даҳҳо спектаклҳои ин муассиса нақш офаридааст.

Ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон мехоҳад президент шавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед