Ru  | Tj
Даргузашти устоди ҳаҷви тоҷик. Убайдулло Раҷабов ҳам рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даргузашти устоди ҳаҷви тоҷик. Убайдулло Раҷабов ҳам рафт
Акс: Азия-Плюс

Даргузашти устоди ҳаҷви тоҷик. Убайдулло Раҷабов ҳам рафт

Нашр шуд

Убайдулло Раҷабов, аз маъруфтарин ҳунармандони театру синамои тоҷик имрӯз дар синни 80 – солагӣ дар манзилаш дар Душанбе аз дунё чашм пӯшид.

Аз марги Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва устоди ҳаҷви тоҷик Комилҷон Холов, мудири Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва аз дӯстони ин ҳунарепеша дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) – ро хатм кардааст.

Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Солҳои 2000-2004 дар симати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт

Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" буд ва ҳамчун роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.



Ёрмаҳмад Аралов - коргардон ва ҳунарманди шинохта даргузашт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед