Ru  | Tj
Дархости ФФТ барои қабули “Лигаи Қаҳромонони” Осиё ва “Ҷоми КФО”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дархости ФФТ барои қабули “Лигаи Қаҳромонони” Осиё ва “Ҷоми КФО”

Дархости ФФТ барои қабули “Лигаи Қаҳромонони” Осиё ва “Ҷоми КФО”

Нашр шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои қабули бозиҳои даври интихобии “Лигаи Қаҳромонони” Осиё ва “Ҷоми КФО” дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ба Конфедератсияи футболи Осиё дархост фиристод, хабар медиҳад ФФТ.

Солҳои охир футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда истодааст ва шароити тарбияи футболбозони наврас низ хуб ба роҳ монад шудааст, сифати майдонҳои футбол низ нисбат ба солҳои пеш чанд маротиба беҳтар шудааст ва аз ҳамин сабаб ФФТ метавонад бозиҳои байналмилалиро низ қабул кунад.

Имсол дастаҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо иштирок меварзанд, дастаи “Истиқлол” ҳамчун чемпиони Тоҷикистон дар лигаи қаҳрамонҳо бо дастаи “Ал-Ҳилал” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳли” (АМА) ва ғолиби бозии “Ал-Ғарафа” (Қатар) ва “АГМК” (Узбекистон) бозиҳо аз 15 то 30 апрел баргузор мешаванд.
Дастаи “Равшан”-и Кулоб ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон бо “Хуҷанд” барандаи медали биринҷӣ бошанд дар “Ҷоми КФО” дар гурӯҳҳои “Е” ва “F” аз 14 то 25 май мегузаранд.

Донишҷӯи Тоҷикистонӣ дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибавӣӣ дар Маскав пирӯз шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед