Ru  | Tj
Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон 9.3 дарсад афзудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон 9.3 дарсад афзудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон 9.3 дарсад афзудааст

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ширкатҳои мухобиротӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ 4.8 миллион муштарии фаъол доранд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади ширкатҳои алоқаи барқӣ дар ин кишвар 9.3 дарсад зиёд шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯи ҳисоботи пешакӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2 миллиарду 77 миллион сомонӣ расид.

Дар ин замина зикр мешавад, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон ба як ширкати иртиботӣ барои воридоти мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома дода шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.

Дар идома иттилоъ дода мешавад, ки дар Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни шабакаҳои алоқаи барқӣ ба 7,8 миллион нафар расид, ки 4,8 миллиони он муштариёни фаъол мебошанд.

Инчунин гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон шумораи корбарони интернет дар якҷоягӣ бо интернети мобилӣ ва собит 4,18 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед