Ru  | Tj
Даромади Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ 6,5 дарсад зиёд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даромади Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ 6,5 дарсад зиёд шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Даромади Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ 6,5 дарсад зиёд шуд

Нашр шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро шудани пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дода, гуфт, ки нақша 106.5 дарсад иҷро гардид.

Новобаста аз пеш омадани мушкилот зимни  интиқоли борҳо байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон, нақшаи пардохтҳои гумрукӣ зиёдтар иҷро шуд. Дар ин бора ахиран зимни нишасти матбуотӣ Азим Турсунзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 4 миллиарду 332,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети давлатӣ бошад 4 миллиарду 612,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ба 106,5 дарсади нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Ҳамин тариқ аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон ба таври изофӣ беш аз 280 миллион сомонӣ зиёд ворид гардид.

Азим Турсунзода дар идома афзуд, ки воридоти андоз аз арзиши иловашуда беш аз 104 дарсад ё 149,7 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 116,9 дарсад ё зиёда аз 83 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 126 дарсад ё 22,4 миллион сомонӣ, андози аксизӣ беш 19 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ 26,9 миллион сомонӣ зиёдтар таъмин шуд.

«Аз таҳлилҳо бармеояд, ки омилҳои афзоиши пардохтҳои гумрукӣ ин дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини барасмиятдарории дурусти гумрукӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ширкатҳои фаъол дар иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият барои пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ва ҳамкории муассир бо мақомоти гумруки дигар давлатҳо мебошад»,- таъкид намуд Азим Турсунзода.

Дар баробари ин зикр шуд, ки ҷорӣ намудан ва истифодаи фановариҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона ва такмили идораи таваккал дар низоми воҳиди иттилоотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед