Ru  | Tj
Дарси сулҳ: Сарвари давлат аз​ вазъи буҳронӣ ва ҳассоси ҷаҳон гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дарси сулҳ: Сарвари давлат аз​ вазъи буҳронӣ ва ҳассоси ҷаҳон гуфт
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси сулҳ: Сарвари давлат аз​ вазъи буҳронӣ ва ҳассоси ҷаҳон гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки имрӯз вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда гардидааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии таърихии баъзе кишварҳо ва халқу миллатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар ин муассиса дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахти кишвар мулоқот кард.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо ишора ба вазъи мураккаб ва печидаи ҷаҳон шаҳрвандони кишварро ба ҳифзи сулҳу субот даъват намуд.

Президент аз ҷумла гуфт: "Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва ҷойи зисти худ ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад".

Сарвари давлат таъкид дошт, ки сокинони Тоҷикистон сабақҳои талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадумро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва маҳз аз ҳамин хотир ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки имрӯзҳо инсоният баъди қариб ҳаштод сол, яъне пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад.

Вай бо ишора ба ин давраи ҳассос хотирнишон намуд, ки танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардумон ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Сарвари давлат ҳар сол дар ин рӯз дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорону донишҷӯëн мулоқот мекунад.

Бар пояи омори расмӣ, имрӯз,​ қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиш оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштаанд.


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Кӯлоб солҳои 90-умро ба хотир овард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед