Ru  | Tj
Дарвозабон Никола Стошич ба дастаи “Истиқлол” баргашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дарвозабон Никола Стошич ба дастаи “Истиқлол” баргашт
Акс: аз манбаъҳои боз

Дарвозабон Никола Стошич ба дастаи “Истиқлол” баргашт

Нашр шуд

Дарвозабон Никола Стошич пас аз чор соли танаффус дубора пироҳани «Истиқлол»- ро ба бар менамояд.

Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Дар равзанаи кунунии гузариши тобистона «Истиқлол» аввалин трансферро ба анҷом расонд.

Дарвозабон Никола Стошич, ки қаблан дар солҳои 2013-2020 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.

Муҳлати созишномаи меҳнатӣ бо Никола ду солро дар бар мегирад. Стошич дар рӯзи аввали ҷамъомади таълимӣ дар Минск ба «Истиқлол» ҳамроҳ шуд ва дар аввалин тамрини даста иштирок кард.

Хотиррасон мекунем, ки Стошич ҷойгузини Рустам Ятимов дар ҳайати "Истиқлол" гардид. Дарвозабони яккачини миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов дар моҳи июн ба дастаи футболи «Ростов» -и Русия гузашт.

Маблағи гузариши Рустам Ятимов ба тими «Ростов»-Русия  зиёда аз 250 ҳазор доллар гуфта шуд. 

Гуфта мешавад, ки соли гузашта Никола Стошич қисми аввали мавсимро дар "Бухоро"-и Узбекистон гузаронида, тобистон ба дастаи «Прва Искра»-и Сербия гузашт. Шартномаи Стошич бо даста ба охир расид ва ӯ ҳамчун агенти озод ба Тоҷикистон баргашт.

Дар Сербия Стошич инчунин дар дастаҳои ҷавонони бошгоҳҳои “Рад” ва “Тсрвена Звезда” ва дар бошгоҳи “Железничар” бозӣ кардааст.

Ба иттилои портали ҷумҳуриявии Sports.tj, Никола Стошич моҳи феврали соли 2013 бо бошгоҳи «Истиқлол» шартнома баст. Баъдтар дарвозабони асосӣ ва яке аз сарварони даста шуда буд.

Моҳи январи соли 2016 бошад Стошич шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифт.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед