Ru  | Tj
Дастаҳои футболи «Истиқлол» ва АГМК-и Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастаҳои футболи «Истиқлол» ва АГМК-и Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд
Акс: ФФТ

Дастаҳои футболи «Истиқлол» ва АГМК-и Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд

Нашр шуд

Дар назар аст, ки имрӯз, соати 23:50-и шаб, дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври   шашуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон  рақобат намояд. 

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дода, гуфтааст, ки дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи мазкур дар бозии охири худ дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА-ро  бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста -   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон  бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфта буд.


«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед