Ru  | Tj
Дастаи футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона аз тими Гурҷистон шикаст хӯрд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастаи футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона аз тими Гурҷистон шикаст хӯрд
Акс: Sport.tj

Дастаи футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона аз тими Гурҷистон шикаст хӯрд

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, ҷамъбаст намуд.

Бинобар маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 15-16-уми январ   мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи аввали тайёрӣ бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона баргузор намудааст. 

Ба таъкиди манбаъ, бозӣ ба ҳисоби 6:2 ва 10:1 ба манфиати мунтахаби  Гурҷистон анҷом ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстона бо футзалбозони Гурҷистонро бидуни иштироки сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва як идда бозингарон анҷом додааст. 

Дар бозӣ иштирок надоштани як гурӯҳ футзалбозони Тоҷикистон бо он асоснок шудааст, ки дар  шарҳи Тбилиси натиҷаи санҷиши PCR (барои муайян кардани COVID-19)-и онҳо  натиҷаи шубҳанок нишон додааст. 

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо рақибони худ дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) қувваозмоӣ хоҳад намуд.


“Як таксӣ” дар Душанбе ҳашт электромобилҳо ба хидмати мизоҷон гузошт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед