Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тими миллии Қирғизистонро шикаст дод
Нашр шуд
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Наврӯз-2022" дар рақобат барои мақоми сеюм бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, ки бозии мазкур рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ дар Намангон баргузор гардидааст.
Муаллифи голи ягона ва ҳалкунанда нимҳимоятгари дастаи "Локомотив"-и Пловдив Парвизҷон Умарбоев шудааст, ки голро дар дақиқаи 54-уми бозӣ задааст.
Гуфта мешавад, ки бозӣ аз ҷониби ҳарду даста дар ҳайати баробар анҷом наёфтааст. Дар дақиқаи 23-юм Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон) ва Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон) аз майдон хориҷ карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар дақиқаи 52-юм нимҳимоятгари тими миллии Қирғизистон Одилҷон Абдураҳмонов барои таҳқири сардовар корти сурх гирифтааст, инчунин 5 дақиқа пеш аз ҷамъбасти вақти асосии бозӣ ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов корти дуюми зардро гирифтааст.
Таъкид мегардад, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар финали бозии "Ҷоми Наврӯз-2022" тими Угандаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода, ғолиби ин мусобиқа гардидааст. Дар ҳайати ғолибон хет-трикро Элдор Шомуродов анҷом додааст.
Ёдрас мешавем, ки 1-уми марти соли 2022 ФФТ эълом дошта буд, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022” иштирок мекунад.
Мусобиқа аз 25-ум то 29-уми март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда ширкат намуданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед