Ru  | Tj
Дастури Президент: Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо коҳиш дода шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастури Президент: Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо коҳиш дода шавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дастури Президент: Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо коҳиш дода шавад

Нашр шуд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, президени кишвар роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро муаззаф намуд, то камбудиҳои дар самти иҷроиши буҷет ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд, ҳамчунин барои рушди мақсадноки ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Мувофиқ ба шарҳи хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дастурҳо ҳамчунин ҷиҳати коҳиш додани хароҷоти дуюмдараҷа, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, муҳайё сохтани шароит барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, зиёд кардани ҳаҷми содирот ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, дода шуд.

Ба зикри манбаъ, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, ба раисони маҳаллӣ фармон дода шуд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҷоннок намудани истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се - чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва содирот ба хориҷи кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосиву ягонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.



Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед