Ru  | Tj
Дастури Путин барои осон гирифтани шаҳрвандӣ ба қисме аз хориҷиён: кай, чӣ гуна ва ба киҳо?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастури Путин барои осон гирифтани шаҳрвандӣ ба қисме аз хориҷиён: кай, чӣ гуна ва ба киҳо?
Акс: Интернет

Дастури Путин барои осон гирифтани шаҳрвандӣ ба қисме аз хориҷиён: кай, чӣ гуна ва ба киҳо?

Нашр шуд

Низоми гирифтани шаҳрвандӣ ба қисме аз хориҷиён дар кишвари Русия осон карда мешавад.

Президенти Федератсияи Русия зимни мулоқот бо аъзои Шӯрои нозирони ташкилот пешниҳоди як иштирокчӣ аз Латвияро, ки ӯ роҳи сабуки гирифтани шаҳрвандии кишвари Русияро ироа намуд, дастгирӣ кард. Дар робита ба ин Путин ба ҳукумат супориш дод, ки механизми додани иҷозат барои истиқомат ё (ВНЖ) - ро ба тариқи соддакардашуда ба як қатор хориҷиён таҳия кунанд.

Ин пешниҳод асосан бораи иштирокчиёни даври ниҳоӣ ва ғолибони мусобиқаҳои умумирусиягии "Россия - кишвари имкониятҳо" тааллуқ дода мешавад.

Чи гунае, ки Кремл мегӯяд Путин барои таҳияи ин санад то 1 –уми сентябр ба Дастгоҳи президент, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ муҳлат додааст, ки дар робита ба ин пешниҳодҳоеро омода кунанд, то ғолибонро ба тариқи махсус шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, озмуни "Лидерҳои Русия" ба Федератсияи Русия дар пешбурди рӯзномаи муттаҳидкунандаи ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар озмуни “Лидерҳои Русия" ширкат варзед ва имкони гирифтани шаҳрвандии Русияро ба даст оред

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед