Ru  | Tj
Даъвати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ: Барои ҳалли мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир бояд чораҳои зарурӣ андешид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даъвати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ:  Барои ҳалли мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир бояд чораҳои зарурӣ андешид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Даъвати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ: Барои ҳалли мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир бояд чораҳои зарурӣ андешид

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал овард, ки доир ба ҳалли мушкилоти Афғонистон табирҳои фаврӣ андешанд.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаласае ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини ин кишвар тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷамъомад, ки сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ва аъзои ҳукумату намояндагони кормандони касбу кори гуногун ширкат доштанд, Эмомалӣ Раҳмон аз хомӯшии ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар дар мавриди вазъ дар Афғонистон изҳори тааҷҷуб кардааст.

“Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд, зеро ин вазъияти сангин бо гуноҳи худи афғонҳо ба вуҷуд наомадааст.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад,

“Ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад”, - гуфтааст Президент.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишварро аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир унвон кардааст.

Имрӯз дар Кохи Борбади Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои давлатӣ, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* (* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикаст дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки панҷшериён як чархболи артиши Покистонро суқут додаанд.





Эмомалӣ Раҳмон: Вазъи фоҷиабори Афғонистон дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вуқуъ омадааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед