Ru  | Tj
Давлат Болтаев боз як медали олимпиро барои Тоҷикистон тазмин кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Давлат Болтаев боз як медали олимпиро барои Тоҷикистон тазмин кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Давлат Болтаев боз як медали олимпиро барои Тоҷикистон тазмин кард

Нашр шуд

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Порис дар риштаи бокс дар вазни то 92 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Давлат Болтаев дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои олимпии Порис -2024 муқобили Ҷек Марли бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Ҳамакнун новобаста, аз натиҷаи марҳилаи нимниҳоӣ Давлат Болтаев алакай медали Бозиҳои олимпиро дорад.

Давлат Болтаеви 25-сола дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.

Баъдан Давлат Болтаев шаби 2  август дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлей аз Ирландияро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба марҳилаи нимфинал баромад.

Ҳамакнун Болтаев 4 август дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонов рақобат мекунад.
 
Бояд гуфт, ки Болтаев ва Муллоҷонов ҳадди ақал барои худ медали биринҷиро таъмин карданд, муборизаро барои медалҳои тилою нуқра идома медиҳанд.

Хотиррасон мекунем, ки аз 14 варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Порис дар ҳоли ҳозир Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев соҳиби медал шуданд.

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 81 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Сомон Маҳмадбеков пас аз 16 сол дар риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард.

Рӯзи 2 август ҷудокори шинохтаи Тоҷикистон, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу аз Муғулистон сабқат хоҳад кард.

Инчунин Екатерина Бордачёва дар шинои тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон рӯзи 3 август вориди рақобат мешавад.

Варзишгари дигари Тоҷикистон, Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис рӯзи 3 август дар риштаи варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр нерӯсанҷӣ мекунад.

Виктор Рассадин бошад дар риштаи куштии озод дар вазни то 74 кило рӯзи 9 август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис оғоз мекунад.
 
Дар баробари ин Мунира Абдусаломова рӯзи 10 август дар риштаи таэквондо дар вазни беш аз 67 кило миёни занон вориди рақобатҳо мешавад.

Гуфтанист, дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Варзишкорон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш бо ҳам рақобат мекунанд. То кунун  варзишгарони 46 кишвари ҷаҳон дар ин бозиҳои олимпӣ соҳиби медал шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед