Ru  | Tj
Ëддошти тафоҳум ба имзо расид: Корея дар Душанбе метро месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ëддошти тафоҳум ба имзо расид: Корея дар Душанбе метро месозад
Акс: Интернет

Ëддошти тафоҳум ба имзо расид: Корея дар Душанбе метро месозад

Нашр шуд

Вазорати нақлиëти Тоҷикистон ва ширкати миллии Роҳи оҳани Корея дар бобати сохтани метро дар шаҳри Душанбе ëддошти тафоҳум имзо намуданд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, рӯзи 14-уми март дар Душанбе миëни Вазорати нақлиëти Тоҷикистон ва ширкати миллии Роҳи оҳани Корея дар мавриди бунëди метро дар пойтахти кишвар ëддошти тафоҳум ба имзо расид.

Гуфта мешавад, зери ин санад Вазири нақлиëти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани Корея Ким Ҳангёнг даст гузоштаанд.

Манбаъ меафзояд, Азим Иброҳим ибрози итминон кардааст, ки ба  имзо расидани ин ëддошти тафоҳум ба ширкати Роҳи оҳани  Корея барои иштирок дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, ки аҳаммияти минтақавӣ доранд, имкони васеъ фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки масъалаи бунëди метро дар Душанбе солҳост, ки мавзӯи баҳси сокинони пойтахт ва коршиносони кишвар гардидааст. 

Коршиносон мегӯянд дар Душанбе имкони сохтани ҳам метрои зеризаминӣ ва ҳам рӯизаминӣ ҳаст, аммо ҳазинаи зиëд металабад.

Дар ҳолати бунëд ëфтани метро дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар баробари Тошканд ва Нурсултон сеюмин шаҳри Осиëи Марказӣ хоҳад буд, ки метро дорад. 


Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон боло бурда мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед