Ru  | Tj
Дидори Аҳмадзода ва Протманн. Ҳамкориҳои Суғд ва Олмон густариш меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дидори Аҳмадзода ва Протманн. Ҳамкориҳои Суғд ва Олмон густариш меёбанд
Акс: Хадамоти матбуоти Сафорати Олмон дар Тоҷикистон

Дидори Аҳмадзода ва Протманн. Ҳамкориҳои Суғд ва Олмон густариш меёбанд

Нашр шуд

Дар доираи тавофуқоти дуҷониба дар вилояти Суғд аз ҷониби Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ иҷро мешаванд ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд, ин матлабро Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Андреас Протманн, Сафири Олмон дар Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр баён намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор тарафҳо перомуни вазъи кунунӣ ва чашмандози муносиботи дӯстона табодули афкор намуданд ва Аҳмадзода таъкид дошт, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст густариш меёбанд ва вилояти Суғд омодаи тақвияти равобит бо шарикон аст.

Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ амалӣ мешаванд ва ин раванд дар оянда низ давом хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки Сафири Олмон дар Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Суғд аз раванди иҷроиши лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои «Ҳабиб 17»-и шаҳри Конибодом, «Баракати Исфара» ва «Исфара фуд» дидан мекунад.

Олмон яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон миёни кишварҳои аврупоӣ дониста мешавад ва аз ҷониби GIZ дар кишвар чандин лоиҳаҳо амалӣ мешаванд.

Расулзода ва Варанк аз имконоти истифоданашуда ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия гуфтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед