Ru  | Tj
Дидори Муҳриддин ва Қурейшӣ. Вазирон дар Теҳрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дидори Муҳриддин ва Қурейшӣ. Вазирон дар Теҳрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Дидори Муҳриддин ва Қурейшӣ. Вазирон дар Теҳрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар Теҳрон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ дидору гуфтугӯ кард. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҷамъи Русия рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон бо ҳамтои покистонии худ мулоқот анҷом дод. 

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафҳо масоили марбут ба густариши равобити Душанбеву Исломобод ва ҳамчунин вазъ дар минтақа, аз ҷумла таҳаввулоти рухдода дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд. 

Моҳи август Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар мулоқоти худ бо Вазири хориҷии Покистон дар Қасри миллат таъкид дошта буд, ки Тоҷикистон ҳама гуна беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулм алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллиро қатъиян маҳкум менамояд.

Раҳмон ба Вазири покистонӣ гуфта буд, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бояд бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян шавад. 

Тоҷикистон аз оғози ба сари қудрат расидани Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) борҳо ва дар ҳамаи сатҳҳо таъкид доштааст, ки танҳо ҳукумати фарогир дар Афғонистонро эътироф хоҳад кард. 


Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед