Ru  | Tj
Дидори Раҳмону Макрон. Фаронса шарики муҳимму боътимоди Тоҷикистон дар Аврупо унвон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дидори Раҳмону Макрон. Фаронса шарики муҳимму боътимоди Тоҷикистон дар Аврупо унвон шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дидори Раҳмону Макрон. Фаронса шарики муҳимму боътимоди Тоҷикистон дар Аврупо унвон шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоташ бо Эммануэл Макрон Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон унвон кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, 13-уми октябр дар Қасри Елисей Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои фаронсавии худ мулоқот ва масоили марбут ба рушди равобити ду кишварро баррасӣ кард.

Тарафҳо дар ин дидор тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро авлавиятҳои ҳамкории ду кишвар номиданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманд ба татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои зерсохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак аст.

Раҳмон ҳамчунин ба ширкати фаъоли Фаронса дар бозсозии зерсохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дод.

Сарвари Тоҷикистон таъкид дошт, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар мусоидат намояд.

Фаъолсозии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Ассотсиатсияи ширкатҳои МЕДЕФИ ин кишвар аз дигар зарфиятҳои тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи тиҷорату иқтисод дониста шуд.

Манбаъ меафзояд, масъалаи Афғонистон аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон буд.

Президенти кишвар бори дигар ба мавқеи устувори Тоҷикистон дар ҳалли қазияи Афғонистон таъкид карда, иброз  намуд, ки амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳимми суботи миллӣ дар тамоми минтақаро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми сентябр ба Аврупо рафта буд.

Қаблан Сарвари давлат дар Брюссел бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Подшоҳи Белгияву дигар мақомҳои олирутбаи ин кишвар дидорҳо анҷом дода, рӯзи 12-ум вориди Париж шуд.




Эмомалӣ Раҳмон ва Жерар Ларше ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳифзи сарҳадотро баррасӣ намуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед