Ru  | Tj
Дидори сафирон: Гулмаҳмадзода ва Григорев рушди муносиботи Душанбеву Маскавро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дидори сафирон: Гулмаҳмадзода ва Григорев рушди муносиботи Душанбеву Маскавро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Дидори сафирон: Гулмаҳмадзода ва Григорев рушди муносиботи Душанбеву Маскавро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Маскав бо Сафири тозамансуби Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин мулоқот роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Манбаъ меафзояд, Сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Семён  Григоревро ба муносибати таъйин шуданаш ба мақоми роҳбари намояндагии Федератсияи Русия дар Душанбе табрик намуда, ба вай дар фаъолияти ояндаи дпмломатӣ комёбиҳо таманно кардааст.

Бояд гуфт, ки Семён Григорев рӯзи 16-уми август бо як Фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвараш дар Тоҷикистон таъйин гардида буд. Вай дар ин мақом Игор Лякин-Фроловро иваз намуд.

Соҳибкорону сармоягузорони рус моҳи оянда ба Душанбе меоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед