Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дипломҳои муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нострификатсия карда мешаванд
Нашр шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов дидор намуд.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо дар мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи маориф ба баррасӣ кашидаанд.
Таъкид мегардад, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намудаанд.
Ҳамчунин, Раҳмонзода ва Тошқулов перомуни масъалаи баргузор намудани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳарду кишвар гуфтугӯ намудаанд.
Мақсад аз пеш гирифтани иқдоми мазкур омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар тавзеҳ дода шудааст.
Ёдрас мешавем, ки аз 30-юм то 2-юми апрели соли ҷорӣ зиёда аз 30 нафар роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба ин кишвар сафари корӣ анҷом дода буданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед