Ru  | Tj
Дипломати Туркманистон бо Толибон сохтмони лӯлаи гази ТАПИ-ро баррасӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дипломати Туркманистон бо Толибон сохтмони лӯлаи гази ТАПИ-ро баррасӣ намуд
Акс: Интернет

Дипломати Туркманистон бо Толибон сохтмони лӯлаи гази ТАПИ-ро баррасӣ намуд

Нашр шуд

Сафари Туркманистон дар Афғонистон Хоҷа Овезов бо намояндаи Толибон* ва Вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии ин гурӯҳ Амирхон Муттакӣ мулоқот анҷом дод.

Ба гузориши "Fergana", вохӯрии Овезов бо Мутаккӣ рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Кобул сурат гирифт ва дар доираи мулоқот, ҷонибҳо ба масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, сохтмони лӯлаи гази ТАПИ* таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Муттакӣ бо ишора ба ин ки анҷом ёфтани корҳои гузоштани лӯлаҳои гази қисмати афғонии ТАПИ ба манфиати Толибон* аст, хостори ҳарчӣ зудтар оғоз ёфтани интиқоли маводи сӯхт ба Афғонистон шудааст.

Намояндаи Толибон* изҳори бовар кардааст, ки бо ин иқдом метавон пеши роҳи болоравии нархи маводи сӯзишвориро дар Афғонистон гирифт.

Тибқи ҳисоботи пешакӣ, барои интиқоли гази Туркманистон ҷониби Афғонистон 500 миллион доллар ва муддати 10 сол 500 миллион метри мукааб газ мегирад.

Бо роҳандозӣ гардидани лоиҳаи ТАПИ беш аз 12 ҳазор одам соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Соли 2015 сохтмони лӯлаи гази ТАПИ* бо масоҳати умумии 1814 км ва бо иқтидори 30 миллиард метри мукааб гази табиӣ дар як сол, дар ҳудуди Туркманистон оғоз шуд.

Ин хати интиқоли газ аз кони Галкиниш (дар вилояти Мари) дар 150 км марз бо Афғонистон оғоз ёфта, аз Ҳирот ва музофоти ҷанубии Фароҳ, Ҳилманд, Қандаҳор гузашта, баъдан ба Покистону Ҳиндустон мерасад.

 

ТАПИ*- Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон (Индия)

Толибон*- Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон




Пидром: Иродаи неки Тоҷикистон аст, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед