Ru  | Tj
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бораи Афғонистон: Ин ҳама тиҷорати байни чанд саркарда буд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бораи Афғонистон: Ин ҳама тиҷорати байни чанд саркарда буд

Нашр шуд

Хуршед Зиёӣ, профессор ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мақолаи худ дар рӯзномаи “Садои мардум” бобати вазъи кунунии Афғонистон ибрози назар кард.

Хуршед Зиёӣ дар рӯзномаи парлумони кишвар дар бораи аз ҷониби Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) забт шудани тамоми вилоятҳи Афғонистон, ба ҷуз Панҷшер, навиштааст, ки ин ҳама “тиҷорати байни чанд саркарда” буд.

“Мутаассифона, ҳамаи ин (яъне забт шудани вилоятҳо аз ҷониби Толибон* - Halva) бе набард, ҳамчун тиҷорати байни чанд саркарда анҷом ёфт. Дар ин кор нақши хариду фурӯш, пулу сармоя, ки аз ҷониби бегонагон пардохт шудааст, калидӣ буд”, - омадааст дар навиштаи Зиёӣ.

Профессори тоҷик барои исботи андешааш таъкид намудааст, ки “садҳо ва ҳазорҳо нафаре, ки бо навтарин аслиҳа мусаллаҳ буданд, ягон муқовимате нишон надода ё фурӯхта шуданд ё гурехтанд ва ё ба тарзи дигари аз мардонагӣ дур таслим шуданд”

Хуршед Зиёӣ бо танқид аз истеъфои Ҳукумат ва фирори Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки мардуми одии Афғонистон инро ҳеҷ гоҳ намебахшад.

“Ҳама оламиён манзараеро, ки қаблан дар филмҳои фантастикӣ дида буданд, дар мисоли халқи азияткашидаи Афғонистон диданд – чӣ гуна мардуми аз тарси адӯ рамида ва дар талвосаи ҷон ба тайёра мечаспаду аз ҳаво сарозер ба замин меафтад. Ин гуна ҳодисаҳо нанг барои инсоният аст”, - гуфтааст ин мақоми расмии Тоҷикистон.

Вай афзудааст, ки мардуми Афғонистонро зарур аст, ки бо се бадии кабира - маводи мухаддир, силоҳфурӯшӣ ва ҷинояткориҳои фаромиллӣ мубориза кунанд ва ҳам ҳатман пеши роҳи гурезашавӣ ва дигар офатҳои гуманитариро бигиранд.

Зиёӣ таъкид доштааст, ки мардуми тоҷик ҳоло ба куллӣ дар андешаи сарнавишти бародарони худ аз Афғонистон афтодаанд ва бовар доранд, ки ин мардуми азияткашида аз ҷанг ба сулҳ рӯ меорад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди давлатии иттилоотию таҳлилӣ аст ва бо мақсади баланд бардоштани сифат ва фаъолият дар таъмини иттилоотию таҳлилии Ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.

Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа, профессор ва муаллифи 118 таҳқиқоти илмӣ мебошад. Ӯ Қаблан дар вазифаҳои ректори Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода, сардори Раёсати илм ва

инноватсияи Вазорати маориф ва илм ва директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед