Ru  | Tj
ДМТ миёни беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷой гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ДМТ миёни беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷой гирифт
Акс: tnu.tj

ДМТ миёни беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷой гирифт

Нашр шуд

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мақоми 241-умро касб кард.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар феҳрасти ширкати бритониёии “Quacquarelli Symonds” (QS) миёни 450 донишгоҳ мақоми 241-умро соҳиб шудааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таърихи ҳафтодсола дошта, бузургтарин муассисаи олии кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир дар ин донишгоҳ 19 факултет ва 107 кафедра амал менамоянд.

Гуфта мешавад, Донишгоҳи миллӣ бо беш аз 190 донишгоҳҳои дунё созишномаи ҳамкорӣ дорад ва узви беш аз даҳ анҷумани байналмилалӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки давоми чанд соли охир нуфузи донишгоҳҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ баланд меравад. Қаблан дар раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон, ки аз сӯйи Шӯрои миллии тадқиқотии Испания (CSIC) дар моҳи август нашр шуда буд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ миёни беш аз 31 ҳазор донишгоҳ дар ҷойи 5983-юм қарор гирифта буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед