Ru  | Tj
"Додараки фариштаҳо" дар ҷашнвораи Қазон беҳтарин филм интихоб шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Додараки фариштаҳо" дар ҷашнвораи Қазон беҳтарин филм интихоб шуд
Акс: Интернет

"Додараки фариштаҳо" дар ҷашнвораи Қазон беҳтарин филм интихоб шуд

Нашр шуд

Филми тоҷикии "Додараки фариштаҳо" дар Ҷашнвораи байналмилалии кинои кишварҳои мусалмон дар шаҳри Қазон беҳтарин филми кӯтоҳ дониста шуд.

"Додараки фариштаҳо"-и Умед Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII-и байналмилалии кинои кишварҳои мусалмон дар шаҳри Қазони Тотористони Русия соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳметраж» гардид, - хабар додааст сомонаи расмии ин ҷашнвора.

Манбаъ афзудааст, ба синамобазми Қазон аз 44 кишвари дунё беш аз 600 дархост барои иштирок ворид шуда, ба барномаи он танҳо 50 филм шомил гардида буд.

Мирзоширинов филми навашро соли гузашта аз рӯйи ҳикояи нависандаи маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ рӯйи навор оварда, нахустнамоиши он аввали соли ҷорӣ дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови «Тоҷикфилм» сурат гирифта буд.

Сужаи филм достони зиндагии бачаи ҳафтсолаест, ки волидон ва ҳамсояҳояш пойбанди  расму оин ва хуруфотанду ӯро сабаби асосии фавти хоҳараконаш мешуморанд. Ин ҳол ба руҳу равони писарак бетаъсир намемонад ва тасмим мегирад, ки тибқи анъана пояшро сӯзонад ва, ба ин васила, хоҳараконашро аз марг бираҳонад. Ӯ ба ин минвол на танҳо хоҳараконашро наҷот додан мехоҳад, балки собит месозад, ки дар марги онҳо ҳеч гуноҳе надорад.

Лозим ба зикр аст, ки Додараки фариштаҳо» имсол дар нахустин Ҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» низ ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳметражро  соҳиб гардида буд.

Мирзоширинов миёни ҳаводорони олами синамо бо филми «Муҷассамаи ишқ» машҳур аст.

Варзишгардухтарони навраси тоҷик дар Қаз­оқистон сазовори панҷ медали биринҷӣ шуд­анд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед