Ru  | Tj
Додгоҳи Гаага метавонад ҳукми ҳабси раҳбарони Исроилро содир кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи Гаага метавонад ҳукми ҳабси раҳбарони Исроилро содир кунад
Акс: fb.com/TheKnessetRu

Додгоҳи Гаага метавонад ҳукми ҳабси раҳбарони Исроилро содир кунад

Нашр шуд

Мақомоти Исроил бар ин боваранд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Лоҳа метавонад нахуствазир Бенёмин Натанёҳу ва дигар мақомоти Исроилро барои ҷанг дар Ғазза муттаҳам кунад. Додгоҳ ҳамчунин масъалаи судури ҳукми боздошти раҳбарони Ҳамосро баррасӣ мекунад.

Мақомоти Исроил бовар доранд, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Лоҳа метавонад ҳукми боздошти мансабдорони воломақоми исроилӣ бо иттиҳоми марбут ба низоъ дар навори Ғаззаро содир кунад, менависад "The New York Times".

Ба иттилоъи ин манбаъ, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, аз ҷумлаи афроде аст, ки мумкин аст барои онҳо амри боздошт содир шавад.

Нашрия менависад, ки Додгоҳи Лоҳа эҳтимол мақомоти исроилиро дар монеъ шудан ба интиқоли кумаки башардӯстона ба навори Ғазза ва вокуниши шадид ба ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023, ки гурӯҳи фаластинии Ҳамос анҷом додааст, муттаҳам кунанд.

Рӯзномаи "The Times of Israel" менависад, ки мақомоти исроилӣ талош доранд, то аз судури дастури боздошти Натанёҳу ва дигар мақомоти расмӣ ҷилавгирӣ кунанд.  Телавив муътақид аст, ки ба ҷуз Натанёҳу Додгоҳи байналмиллалии Лоҳа метавонад ҳукми боздошти вазири дифоъи Исроил Йоав Галлант ва раиси ситоди Артиши Исроил Ҳерсӣ Ҳалавиро низ содир кунад.

Тибқи омори охирин, бар асари ҳамлаи артиши Исроил ба навори Ғазза беш аз 34 ҳазор мардуми осоиштаи фаластинӣ кушта шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед