Ru  | Tj
Додгоҳи олӣ ва Додситонии ноҳияи Сино соҳиби биноҳои нав шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи олӣ ва Додситонии ноҳияи Сино соҳиби биноҳои нав шуданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Додгоҳи олӣ ва Додситонии ноҳияи Сино соҳиби биноҳои нав шуданд

Нашр шуд

Рӯзи 5 декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Додгоҳи Олии ин кишварро ба истифода дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бинои Додгоҳи Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет анҷом дода шудааст. Ин бино дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи додгоҳӣ, бойгонии парвандаҳои додгоҳӣ ва ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон аст.

Дар ин замина таъкид шуд, ки давоми солҳои 2000-2024 дар 14 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бинои додгоҳҳо аз нав сохта ва ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар низоми ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистон айни замон 385 додрас фаъолият дорад, ки 97 нафари онҳо зан ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бинои нави Додситонии ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти додситонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар баробари ин рӯзи 5 декабр Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андози Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузошт.

Тибқи лоиҳа бинои нави Кумитаи андоз аз 4 бинои 3 ва 16 ошёна  иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳ, толор бо 500 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи кумитаи мазкур ҷойгир гашта, дар он 360 корманд фаъолият хоҳанд кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед