Ru  | Tj
Додситонӣ аз тоҷикистониён хост, фирефтаи таблиғоти дурӯғ барои кор дар хориҷа нашаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додситонӣ аз тоҷикистониён хост, фирефтаи таблиғоти дурӯғ барои кор дар хориҷа нашаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Додситонӣ аз тоҷикистониён хост, фирефтаи таблиғоти дурӯғ барои кор дар хориҷа нашаванд

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши таблиғоти дурӯғ барои кор дар хориҷ аз ин кишвар нигарон аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба афзоиши таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби афрод ва ширкатҳои мухталиф, ки гӯё дар хориҷ бо кори сердаромад таъмин мекунанд, таъкид карда, аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ба ин таблиғот бовар накунанд. Ин ҳушдори Додситонии кулли Тоҷикистон дар сомонаи хабаргузории расмии «Ховар» нашр шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот вобаста ба таъмини ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд шудааст.

Ин ниҳоди олии назоратӣ дар баёнияи худ таъкид мекунад, ки ин таблиғот ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои шаҳрвандон истифода шуда, боиси зарари молии шаҳрвандон мешавад.

Аз ин рӯ, Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват мекунад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷа нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.

Да баробари ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон пайваста аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз тамос бо муассисаҳои шуғли беиҷозат ё афроде, ки ваъдаи кор дар хориҷи кишвар ва маоши баланд доранд, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути 26 ширкат, ки муҷаввиз барои содироти нерӯи кориро доранд, 5158 шаҳрванди Тоҷикистон дар 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Бритониё, Олмон, Маҷористон, Туркия, АМА, Арабистони Саудӣ ва ғайра ба кор таъмин шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед