Ru  | Tj
Додситони кулли Тоҷикистон: Соли 2022 беш аз 170 пойгоҳи хусусияти шаҳвонидошта баста шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон: Соли 2022 беш аз 170 пойгоҳи хусусияти шаҳвонидошта баста шуд
Акс: surush.net

Додситони кулли Тоҷикистон: Соли 2022 беш аз 170 пойгоҳи хусусияти шаҳвонидошта баста шуд

Нашр шуд

Дар ҷаласаи сездаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 15-уми март баргузор шуд, дар баробари дигар масъалаҳо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти ин мақомот дар соли 2022 ба вакилон ҳисобот дод.

Юсуф Раҳмон дар гузориши худ гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон 1197 ҷинояти хусусияти террористӣ – экстремистидошта сабт шуд, ки нисбат ба соли 2021 18,5 дарсад зиёд аст. Гуфта мешавад, ки дар ин миён ба ҷиноятҳои террористӣ 37 адад, хусусияти террористӣ – 308, экстремистӣ – 790 ва хусусияти экстремистӣ – 62 адад рост меояд.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, омори ҷинояткорӣ асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дар солҳои пеш содирнамудаи роҳбарон ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар идома гуфт, ки соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори муттаҳам бо ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Дар умум мақомоти додситон дар соли гузашта 398 парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба фаъолияти экстремистӣ – террористӣ нисбат ба 614 нафарро ба додгоҳ ирсол карданд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, соли 2022 ҷиҳати бастани 17 вебгоҳи ифротии «Ислоҳ.нет», «Паём.нет», пешгирии пахши онлайнии барномаи онҳо ва бастани 172 пойгоҳи хусусияти шаҳвонидошта амрҳои додситонӣ ирсол шуд, ки дар натиҷа вебгоҳҳои мазкур комилан қатъ ва пахши барномаҳои таҳрикомез маҳдуд карда шуд.

Дар идомаи гузориши худ додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта 124 ҳолати ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани ноболиғон муайян шуд, ки ба вилояти Хатлон – 73 адад, вилояти Суғд – 25 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 21 адад рост меояд.

Дар ин миён зикр мешавад, ки дар соли 2022 таълимоти динии пинҳонии кӯдакон дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Нуробод, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Роштқалъа ва Шуғнон зиёдтар ошкор шудааст. Додситонӣ дар ин самт 1133 санади эътиноӣ бароварда, нисбат ба 110 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Аз сӯйи дигар додситони кулли Тоҷикистон аз тақвияти ҳамкориҳо бо Додситонии кулли Эрон хабар дод. Вай дар ин замина гуфт, ки ҷиҳати муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мадрасаҳои динии Эрон ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд, ба ин кишвар ду корманди додситонӣ сафар намуд.

Дар натиҷаи таҳқиқи ин масъала 58 нафар толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои динии Эрон муайян шуданд, ки аллакай 7 нафари онҳо ба ватан баргардонида шуда, ҷиҳати бозпас гардонидани боқимонда корҳо идома дорад.

Тибқи омори Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи январ дар кишвар 8631 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор дошта, аз ин миён 2483 нафар аллакай дастгир шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли 2022 дар Тоҷикистон 22481 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 1637 ҷиноят кам буда, кушодашавии ҷиноятҳо 76,7 дарсадро ташкил медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед