Ru  | Tj
Додситонии кулл: Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва Музаффар Муборакшоён «мусичаи бегуноҳ» нестанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додситонии кулл: Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва Музаффар Муборакшоён «мусичаи бегуноҳ» нестанд
Акс: Sputnik / Амир Исаев

Додситонии кулл: Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва Музаффар Муборакшоён «мусичаи бегуноҳ» нестанд

Нашр шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон дар вебгоҳ (сомона)-и расмии хеш бо нашри матлабе навишт, ки ин ниҳод хабару мақолаҳои нашршуда аз ҷониби мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо қарордоштаро таҳлил намуда, лозим донист марбут ба қазияи аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва дигарон вокуниш намояд.

Додситонии кулл зикр мекунад, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбати Улфатхоним Маҳмадшоева, М.Т. Муборакшоён М.Т, М.С. Холиқназаров ва дигарон барои содир намудани ҷиноятҳои муқобили амнияти ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти мардум ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, даъвати оммавии ташкили бетартибиҳо ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, низоъи иҷтимоӣ ва маҳалгароӣ, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, ба додгоҳ ирсол шуданд.

Дар идома таъкид мешавад, ки моҳи декабри соли 2022 аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои иттиҳоди ҷиноятии ВМКБ Улфатхоним Мамадшоева, Музаффар Муборакшоён, Фаромӯз Иргашов, Хушрӯз Ҷумаев, Хурсанд Мамадшоев ва Манучеҳр Холиқназаров барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, суиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ифротгароӣ, ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури вакилони дифоъ дар маҷлисҳои пӯшидаи додгоҳӣ баррасӣ карда шудаанд.

Бад-ин тартиб, бо ҳукмҳои ҳайати додгоҳӣ дар мавриди парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ф.Иргашов ва М.Муборакшоён ба 29 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, ба У.Мамадшоева ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, М.Холиқназаров ва Мамадшоев Х.М. 16 солӣ ва Ҷумъаев Х.Ғ. ба ҷазои 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд.

Бояд гуфт, қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки моҳи майи соли 2022 бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуда, зимни он аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ мусодира ва 29 нафар безарар гардонида шудаанд. Дар робита ба ин ҳаводис аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати 109 нафар саркарда ва узви иттиҳодияҳои ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш ва ба додгоҳ ирсол карда шуд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки 89 нафари тазоҳургарон барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 28 то 9 декабри соли 2022 гузоришгари вижаи СММ дар умури вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар Мэрӣ Лоулор бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон дар ин кишвар қарор дошт.

Тайи ин сафар хонум Лоулор бо намояндагони мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, намояндагони додситонӣ, Додгоҳи олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот карда, инчунин аз боздоштгоҳи муваққатӣ боздид кард. Дар баробари ин дархости Мэрӣ Лоулор барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рад шуд.

Дар изҳороти Мэрӣ Лоулор, ки баъди анҷоми сафар нашр шуд, гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон бояд бархӯрди худро бо ҳомиёни ҳуқуқи башар беҳтар ва фазои афзояндаи тарсу ҳаросро аз байн бардоранд. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчун иттифоқгар дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд муносибат кунад, на ҳамчун душман.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед